Душанбе, 21.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҷумҳурии Корея (ҶK) барои кумак ба гурезагон 230 миллион доллар ҷудо мекунад. Бино ба иттилои ТАСС, дар ин бора рӯзи сешанбе вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Юн Бён Се, дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк изҳор кард. Ӯ оид ба масъалаи муҳоҷирони иҷборӣ гуфт, ки «тайи чанд соли охир, мо беш аз 50 миллион доллар барои дастгирии гурезаҳо аз Сурия ва Ироқ равон кардем».
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ таъкид кард, ки кишвараш ба мардуми Афғонистон низ фаъолона кумак менамояд.
Юн Бён Се изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Корея «дар се соли оянда барои барномаҳои бисёрҷонибаи кумаки башардӯстона 230 миллион доллар ҷудо мекунад».
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея таъкид кард, ки «ин кишвар одамонеро, ки маҷбур шудаанд хонаҳояшон тарк кунанд, мепазирад».
↧
Кореяи Ҷанубӣ барои кумак ба гурезагон 230 миллион доллар ҷудо мекунад
↧