Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар наздикии шаҳри Аюттхайи қисмати марказии Таиланд пас аз садамаи қаиқ дар кӯл 26 нафар ҳалок ва 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора полиси маҳаллӣ рӯзи сешанбе хабар дод.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се мусофири дигар дар рӯйхати бедаракгаштагон қарор доранд. Наҷотдиҳандагон дар ҷустуҷӯи онҳоянд. Тавре пештар хабар доданд, дар натиҷаи садама 18 тан ба ҳалокат расидаанд.
Қаиқе, ки бори изофӣ дошт ва 150 нафарро бо дарёи Чаопрай мекашонид, бар асари бархӯрд 80 км дуртар аз Бангкок ғарқ шуд. Ҳодиса баъди бозгашти гурӯҳи ҳоҷиёни мусалмон, ки аз як маросими мазҳабӣ аз Аюттхай ба Бангкок раҳсипор буданд, рух додааст. Ба маълумоти полис, қаиқ мусофиронро бе иҷозатнома мекашонидааст ва аз бепарвоӣ дар натиҷа одамон ба ҳалокат расидаанд.
↧
Шумораи қурбониёни садамаи қаиқ дар Таиланд ба 26 нафар расид
↧