Душанбе, 13.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Рӯзи душанбе неруҳои амниятӣ, дар шаҳри Сарипул, воқеъ дар километри 350-уми шимоли пойтахти Афғонистон- шаҳри Кобул террористеро нобуд сохтанд, ки кӯшиши анҷом додани таркишро дошт. Дар ин бора ҳокими музофот Муҳаммад Зоҳир Ваҳдат иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи мансабдор, «неруҳои амниятӣ террористеро, ки кӯшиши ба ҳаракат даровардани дастгоҳи тарканда дар баданаш ва ҳамла ба ҳокимро дошт, парронданд».
Бино ба иттилои як манбаи расмӣ, террорист кӯшиши таркондани худро дар роҳе дошт, ки бояд аз он ҳоким бо ҳамкоронаш ба масҷид барои намоз ба муносибати иди Қурбон мерафтанд.
↧
Дар шимоли Афғонистон террористеро нобуд сохтанд, ки кӯшиши ҳамла ба ҳокими музофотро дошт
↧