Душанбе, 06.09. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар баҳри Миёназамин рӯзи душанбе 15 муҳоҷир ба ҳалокат расид,- хабар медиҳанд ВАО-и Итолиё. Бино ба иттилои «Fapnews.ru», киштиҳои баҳрии ҳарбии Итолиё шаш тан аз муҳоҷирони ғайриқонуниро аз наздикии Либия дарёфт карданд. Танҳо то 5 сентябр 23 амалиёти наҷотдиҳӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни онҳо 19 муҳоҷир наҷот дода шуд. Миқдори наҷотёфтагон ба 2,7 ҳазор нафар расид.
Дар охири моҳи гузашта Созмони байналмиллалии муҳоҷират нашр намуд, ки дар аввали сол аз тариқи баҳри Миёназамин ба ҳудуди Аврупо 263 ҳазор муҳоҷир, аз он 160 ҳазор ба Юнон ва ҳазорҳо нафари дигар ба Итолиё ворид шудаанд.
↧
Дар баҳри Миёназамин рӯзи душанбе 15 муҳоҷир ғарқ шуд
↧