Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 31199

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар марсими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

$
0
0

Душанбе, 03.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими видоъ ба мардуми дӯсту бародари Узбекистон, наздикону пайвандон ва ба аҳли оилаи Ислом Каримов аз номи Ҳукумат ва мардуми тоҷик изҳори тасалияту ҳамдардии амиқ баён карда, даргузашти Ислом Каримовро талафоти азим барои ҳукумат ва ҳалқи ӯзбек, ҳамзамон кулли мамолики дӯсти ин кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида буд. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошкент Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунад. Айни замон заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд.

Ба рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию бародарӣ ва ҳамсоягӣ вохӯриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо аз рӯзҳои нахустин заминаи мусоид фароҳам овард.

DSC_8869 DSC_8913 DSC_0062 DSC_0034 DSC_0160 DSC_9186 DSC_0023 DSC_8944 DSC_9009 DSC_9197 DSC_9346 DSC_9462 DSC_9552 DSC_9778 DSC_9808 DSC_9821 DSC_9849 DSC_9882 DSC_9890 DSC_9987

Viewing all articles
Browse latest Browse all 31199


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>