Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Шиносоӣ бо шароити кории кормандони Хадамоти фелдъегерӣ

Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Хадамоти давлатии фелдъегерии ВКД боздид ба амал оварда, бо шароити корӣ ва фаъолияти кормандони ин ниҳоди мақомоти корҳои дохилӣ огоҳӣ пайдо намуд. Вазири корҳои дохилӣ аз қисми навбатдорӣ ва дигар иншооти зарурӣ дидан намуда, вобаста ба баъзе камбудиҳои ҷойдошта, таъмини таҷҳизоти техникию воситаҳои алоқа ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии Хадамоти фелдъегерӣ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода онҳоро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан, донишомӯзию такмил додани маҳорати касбӣ ҳидоят намуда, зикр кард, ки ҳар як корманд бояд нисбат ба вазифаҳои худ бо масъулияти баланд рафтор намуда, интизоми хизматӣ ва қонуниятро риоя намояд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>