Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Фестивали «Рангоранг» «Боғи Ирам»-ро рангин сохт

Душанбе, 3.09.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар маҷмааи давлатии  «Боғи Ирам» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали фарҳангиву сайёҳии мероси Роҳи абрешим «Рангоранг» ва озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур барои меҳмонону сокинони пойтахт ҳунармандони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Сокинони пойтахт ва меҳмонон аз фестивал дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд. Хусусан ба меҳмонон ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ писанд омаданд.

Дар фестивал намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ,  ки дар Тоҷикистон муқим ҳастанд, барои меҳмонон ва сокинони Душанбе ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии хешро пешниҳод карданд.

Аз ҷумла, сафоратҳои ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон, Чин, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Қазокистон ва дигар сафоратҳо таомҳои миллии худро пешкаш намуданд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
1
Image may be NSFW.
Clik here to view.
2
Image may be NSFW.
Clik here to view.
3
Image may be NSFW.
Clik here to view.
4
Image may be NSFW.
Clik here to view.
5

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>