Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Туризм даромадноктарин соҳаи иқтисодии ҷаҳони муосир маҳсуб мешавад

$
0
0

Душанбе, 02.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Соҳаи туризм яке аз даромадноктарин соҳаҳои иқтисодии ҷаҳони муосир маҳсуб мешавад. Он аз рӯи даромад дар ҷои сеюми соҳаи воридотии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дорад»,-изҳор доштанд роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон- ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо».
«Тазаккур бояд дод, ки мақсади асосии рушди туризм дар Тоҷикистон- ин ташкил намудани саноати сайёҳии фоидаовар ва рақобатпазир мебошад, ки ба талаботи замони муосир дар самти хизматрасониҳои туристии таъминоти даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ба туризм марбут мебошад»,- зикр шуд дар конфронс.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин 3 сентябр дар Маҷмааи давлатии «Боғи Ирам» баргузории Фестивали фарҳангиву сайёҳии мероси Роҳи Абрешим- «Рангоранг» дар назар дошта шудааст.

DSC_0796 DSC_0813 DSC_0775 DSC_0840

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>