Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Тоҷикистону Олмон масъалаҳои ҳамкории судбахши мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд

$
0
0

Душанбе, 1.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли 2016 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии мудофиаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон доктор Ралф Браукзиперо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, зимни гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории судбахши дуҷонибаро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда, ҳавасмандии амиқро ҷиҳати густариши робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок баён намуданд.
Ҳамзамон масоили ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>