Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Амири Дубай шайх Муҳаммад пас аз санҷиши ногаҳонӣ фармон дод, ки нӯҳ мансабдори воломақоми шаҳрро аз вазифа барканор намоянд. Дар ин бора нашрияи «The National» хабар дод.
Субҳи рӯзи якшанбе шайх Муҳаммад бо санҷиши ногаҳонӣ аз муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла аз Раёсати муносибатҳои замин ва рушди иқтисод ва фурудгоҳи Дубай дидан кард. Дар АМА чун дар аксарияти кишварҳои дигари мусулмонӣ рӯзи асосии истироҳатӣ — ин рӯзи ҷумъа мебошад ва ҳафтаи корӣ аз рӯзи якшанбе оғоз мегардад.
Шайх Муҳаммад аз як зумра дафтарҳои корӣ дидан карда, бархе аз онҳоро холӣ дарёфт. Бино ба иттилои сардори Хадамоти ташрифоти давлатӣ Халифа Саид, мансабдорони воломақом дар ҷойҳои кориашон ҳузур надоштанд.
Рӯзи дигар, пас аз боздид шайх фармон дод, ки нӯҳ мансабдор аз вазифа озод карда шаванд. Миёни онҳо директори иҷроияи Раёсати масоили ҳуқуқӣ, директори дастгоҳи маъмурият, муовини директори кулл ва як зумра ёрдамчиён мебошанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, озоднамоии онҳо ба хоҳиши шайх Муҳаммад оид ба додани имконият ба насли нави ҷавонони пешво барои гирифтани масъулияти марҳилаи навбатии рушд иртибот дорад. Муовини президенти АМА ба мансабдорони барканоршуда дар оянда муваффақият орзу карда, ба онҳо барои корҳои анҷомдодаашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Шайх Муҳаммади 67-сола аз соли 2006 инҷониб Дубайро роҳбарӣ мекунад. Ӯ шахсан ба рушди як зумра ширкатҳои Аморот, аз ҷумла ширкати ҳавоии «Emirates», меҳмонхонаи машҳури «Бурҷ-Ал Араб», маркази савдои «Бурҷ Халиф» ва ҷазираҳои Палм машғул буд.
↧
Амири Дубай нӯҳ мансабдорро барои бемасъулиятӣ аз вазифа барканор кард
↧