Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар назди бинои сафорати Чин дар Қирғизистон як нафар ҳалок шуда, ду каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Аз рӯи маълумоти пешакии мақомоти қудратии Қирғизистон, рӯзи сешанбе тақрибан соати 10-и субҳ шахси номаълум бо мошини «Mitsubishi» мехост ба дарвозаи сафорат зада дарояд, ки пас аз он таркиш ба амал омад. Ҷинояткор дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, ду нафар муҳофизони сафорат ҷароҳат бардоштанд.
«Шахси дар дохили мошинбуда ҳалок гардида, дарвоза ва девори сафорат хисорот диданд», — изҳор доштаанд дар шуъбаи полиси шаҳр.
Кормандони полиси Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, сабабҳои таркишро муайян мекунанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, таркиш то андозае қавӣ будааст, ки қариб дар тамоми минтақаҳои шаҳри Бишкек шунида мешуд.
Дар ҷойи ҳодиса минаҷӯён низ қарор доранд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ атрофи намояндагии дипломатии Чин иҳота шудааст. Кормандони сохторҳои фаврии Қирғизистон шахсияти худкушро муайян мекунанд.
↧
Бар асари таркиш дар назди сафорати Чин дар Қирғизистон як нафар ҳалок шуда, ду каси дигар ҷароҳат бардоштаанд
↧