Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро хокбориш фаро мегирад

Душанбе, 29. 08.16. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имшаб Тоҷикистонро хокбориш фаро гирифта, минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳуриро ғуборолуд хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғубори чанголуд бо номи «боди афғонӣ» аз ҷониби Афғонистон ва Узбекистон бо шиддат вазида, ҳавои ғуборолуд дар ҷумҳурӣ як рӯз идома мекунад.
Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳамватанон, бахусус онҳое, ки мубталои бемориҳои дилу рагҳо ва дамкӯтоҳӣ ҳастанд, инчунин аз кӯдакон даъват менамояд, ки 30 август ба қадри имкон дар ҳавои кушод камтар гарданд ва эҳтиёткор бошанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles