Душанбе, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати дифои Русия эълон кард, ки аллакай давоми ду шабонарӯз дар Сурия тахлияи шаҳри Дорёи музофоти Димишқ идома дошта, аз он беш аз 1,8 ҳазор нафар бароварда шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.
«Аз маҳалли аҳолинишини Дорёи музофоти Димишқ дар давоми ду шабонарӯз беш аз 1800 нафар сокинони осоишта ва ҷангиёни таслимшуда бо оилаҳояшон таҳвил дода шуданд. Одамон бо автобусҳо ба шаҳри Идлиб ва ба нуқтаи истиқоматии муваққатии дар деҳаи Кейсуаи музофоти Димишқ ташкилшуда расонида шуданд.
Сокиноне, ки ҷароҳати вазнин бардоштаанд, дар бемористонҳои Димишқ бистарӣ гардиданд», — гуфта мешавад дар изҳороти Маркази Русия оид ба ҳамоҳангии оташбас дар Сурия.
↧
Беш аз 1,8 ҳазор нафарро аз шаҳри Дорёи Сурия таҳвил доданд
↧