Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Прокуратураи ВМКБ нисбат ба И.Н. Худододов парвандаи ҷиноятӣ боз намуд

$
0
0

Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. И.Н. Худододов, сокини шаҳри Хоруғ 18 июли соли 2016 дар кӯчаи марказии шаҳр бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиёти сиёҳшишаро идора намуда, ба талаби кормандони БДА Д.Қ.Мирзомамадов ва Н. Зарифхонов итоат накарда, бо корд онҳоро таҳдиди лату кӯб намудааст.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, И.Н. Худододов дар ҷои ҳодиса дастгир шуда, аз ҷониби прокуратураи ВМКБ нисбат ба ӯ бо моддаи 328, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>