Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустии Афғонистон эълон кард, ки теъдоди қурбониёни ҳамла ба донишгоҳи Амрико дар Кобул ба 16 нафар расид. Дар ин бора шабакаи телевизони маҳаллии «TOLO News» хабар дод.
Ҳамчунин зикр карда мешавад, ки бар асари ҳамлаи ҷангиён 53 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилои мақомот, 8 донишҷӯ, аз ҷумла 2 донишҷӯдухтар, 2 муҳофизи муассисаи таълимӣ, 2 омӯзгор, 3 корманди полис ва 1 сокини осоишта ҳалок гардидаанд.
Чанде пеш дар бораи 12 қурбонӣ иттилоъ расида буд.
↧
Теъдоди қурбониёни ҳамла ба донишгоҳи Амрико дар Кобул ба 16 нафар расид
↧