Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КАМ) зимни амалиёти махсус чор аъзои гурӯҳи ифротиро, ки содир намудани силсилаҳамлаҳои террористиро дар ҳудуди ин кишвар нақша доштанд, боздошт карданд. Дар бораи амалиёти дастгирнамоӣ, ки 18 август гузаронида шуда буд, агентии ТАСС бо такя ба хадамоти матбуоти ин сохтор хабар дод.
«Аз аъзои дастгиршудаи гурӯҳ, ки шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд, ҷузъҳо барои омода намудани дастгоҳҳои таркандаи худсохт ва маводи ифротгароиву динӣ дарёфт ва мусодира гардиданд»», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Дар он ҳамчунин зикр мешавад, ки боздоштшудагон нақша доштанд ба кормандон ва макони ҷойгиршавии воҳидҳои КАМ, полис ва қисмҳои ҳарбӣ ҳамлаҳои мусаллаҳона содир намоянд.
Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Қазоқистон, дар марҳилаи навбатӣ ифротиён ҳамлаҳои террористиро ба ҷойҳои серодам омода карда буданд.
Хадамоти матбуоти КАМ инчунин ишора намуд, ки амалиёти тафтишотӣ ва фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
↧
Дар Қазоқистон 4 нафарро бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар дастгир карданд
↧