Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷопон бар асари гирдбоди «Миндул» 67 нафар ҷароҳат бардошта, 1 каси дигар ҳалок гардид. Дар ин бора агентии ТАСС хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ба на камтар аз 21 ҳазор сокинон тавсия дода шудааст, ки ба паноҳгоҳҳо кӯчанд ва кӯшиш намоянд, ки ба кӯча набароянд. Ин огоҳӣ на танҳо музофоти Хоккайдо, балки музфотҳои Фукушима, Сайтама ва Канагаваро, ки рӯзе қабл он ҷо гирдбод омада буд, низ фаро мегирад. Бархе аз манотиқи ин музофотҳо ҳанӯз ҳам зери об монда, бар асари канда шудани хати интиқоли неруи барқ 28 ҳазор хонаҳо бидуни барқ мебошанд.
Дар инфрасохтори нақлиётии музофоти Хоккайдо то ҳол мушкилоти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале наҷотдиҳандагон дар бораи хатари аз соҳил баромадани наздики 8 дарё огоҳӣ додаанд. Дар бархе аз минтақаҳо, ки аллакай ба он ҷойҳо гирдбоди «Миндул» омада расидааст, роҳҳо зери об монда, ҳаракат дар онҳо маҳдуд шудааст.
Ҳоло гирдбод ба самти шимолу шарқ бо суръати тақрибан 35 км. дар як соат ҳаракат дорад. Суръати шамол дар маркази он 30 м. дар як сонияро ташкил медиҳад.
↧
Дар Ҷопон бар асари гирдбоди «Миндул» наздики 70 нафар ҷароҳат бардоштанд
↧