Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28913

Давлат Сафар: Эй зиҳӣ Дилшод…

$
0
0

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия медали тилло ба даст овард.

Гурзпартоӣ агар аз давраи бобоӣ аст,
Дар нишони худшиносӣ нашъаи лолоӣ аст.
Баъд аз ин, ки дастболо гашт Дилшоди Назар,
Нангу номи Точикистон дар ҷаҳон тиллоӣ аст.
Обрӯ аз оби тиллоист дигар пурҷило,
Худшиносӣ гашт тиллоиву тилло шуд зи мо.
Рўи худ бо оби тилло шуст Дилшоди Назар,
Баъд аз ин хуршед мегирад зи рӯи ӯ зиё.
Гурзи Рустам бенишон буду ба дасти мо расид,
Субҳи тиллоии шуҳрат ба сари миллат дамид.
Эй зиҳӣ Дилшод, аз нанги ватандории ту,
Парчами мо парфишон гардид дар рӯзи саид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28913

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>