Душанбе, 22.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 10 нафар бар асари ду таркиш, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Галкайои Сомали рух дод, ҳалок шуданд. Дар ин бора «Daily Mail» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои полиси маҳаллӣ, таркиш дар маҳаллаи ҳукуматӣ рух додааст.
Масъулияти таркишро гурӯҳи ифротгарои «Аш-Шабоб» бар дӯш гирифт.
↧
Дар Сомали бар асари ду таркиш беш аз даҳ кас ҳалок шуданд
↧