Душанбе, 22.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Террористи маргталабе, ки дар шаҳри Газиентеп таркиш содир кард, ноболиғи 12-14 сола буд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «BBC»-и Британия бо такя ба изҳороти президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи президент, таркише, ки шаби гузашта рух дод, ҷони 51 нафарро аз байн бурд. Ҳамчунин 69 каси дигар ҷароҳат бардоштанд, ки вазъи 17 нафари онҳо ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.
Эрдуғон бори дигар таъкид кард, ки эҳтимол дар паси ҳамлаи террористӣ гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» меистад.
Чанде қабл президенти Туркия изҳор дошта буд, ки ҳамлаҳои террористӣ, ба монанди таркиши Газиентеп ҳадаф доранд, ки миёни гурӯҳҳои гуногуни қавмӣ ва мазҳабии Туркия тафриқа андозанд.
Шаҳри Газиентеп 64 км. дуртар аз сарҳади Сурия, дар ҷануби Туркия воқеъ мебошад.
↧
Т. Эрдуғон: ҳамлаи террористии Газиентепро ноболиғ содир кард
↧