Душанбе, 19.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар шаҳри Сирти Либия бар асари таркиши ду мошин 12 нафар ба ҳалокат расида, 60 нафари дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои намояндаи неруҳои тарафдори ҳукумати ризоияти миллии Либия Аҳмад Ҳадиа, ин ҳодиса дар қисмати ғарбии Сирт рух додааст. Дар наздикии макони таркиш низомиён ҳузур доштанд. Ӯ ҳамчунин тахмин намуд, ки масъули инфиҷор гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошад.
↧
Дар шаҳри Сирти Либия бар асари таркиш 12 нафар ба ҳалокат расиданд
↧