Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 31157

«Сад ранги чакан», «Заргари беҳтарин», «Зардўзи беҳтарин», «Нонҳои миллӣ», «Қанноди беҳтарин»-намоиши ҳунарҳои миллӣ ба ифтихори ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Рашт

$
0
0

Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангии ноҳия озмуни «Намоиши ҳунарҳои миллӣ», аз қабили адрасу шерозабофӣ, қолинбофӣ, бахиядўзӣ, «Сад ранги чакан», «Заргари беҳтарин», «Зардўзи беҳтарин», намоиши «Нонҳои миллӣ», «Қанноди беҳтарин» ба тамошо гузошта шуд.
Гурўҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз маҳсули ҳунарҳои ба намоиш гузоштаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дидан намуда, ғолибони озмунро бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 31157

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>