Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Конфронси ҳамоҳангсозии шарикони рушд оид ба Лоиҳаи таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» пагоҳ баргузор мегардад

$
0
0

Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Конфронси ҳамоҳангсозии шарикони рушд оид ба Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» пагоҳ 12 август дар Душанбе ба кори худ оғоз мекунад.
Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд  иштирок ва маърӯза хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки дар рафти конфронс Лоиҳа ва пешниҳодҳои шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муҳокима гарданд.
Иштирокдорони конфронс инчунин нақшаи маблағгузории лоиҳаро тасдиқ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, 13 август меҳмонон аз НБО-и «Норак» дидан хоҳанд кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>