Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Мулоқоти Пешвои миллат бо Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар

$
0
0

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.

Аввалин заминае, ки тамоми маҳаки муносибатҳои моро бо Афғонистон муайян менамоянд асли ҳамсоягии нек мебошад, изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво мавзуҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир баҳри танзими фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар пулҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамоҳангии зичтари неруҳои сарҳадӣ ва таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд.

28275989713_60a8670813_z 28273786634_51c891cc6f_z 28786743152_4cc2a1cd15_z 28891117915_829361ac3c_z

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>