Душанбе, 10.08.2016. / АМИТ «Ховар» /. Бар асари таркиши як бомбаи худсохт дар минтақаи қабиланишини Баҷаури шимоли Покистон ду корманди неруҳои амниятии кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора агентии Синхуа иттилоъ медиҳад.
Масъулияти ин ҳамларо ҳаракати толибони Покистон ба номи «Таҳрики толибони Покистон» ба уҳда гирифт.
Нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф ҳамла ба сарбозонро маҳкум кард.
↧
Бар асари таркиши бомба ду корманди хадамоти амниятии Покистон ба ҳалокат расиданд
↧