Душанбе, 08.10.2016 / АМИТ «Ховар» /.Бар асари ҳамла ба автобуси журналистон дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ду нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба сомонаи Бразилия «Estadao» иттилоъ медиҳад.
Автобус бо хабарнигорон, ки аз кластери олимпии Деодоро ба маркази матбуотии асосӣ ҳаракат мекард, мавриди гулӯлаборон қарор гирифт. Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ихтиёрӣ аз Туркия ва журналист аз Белорус ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ изҳор дошт, ки тафтишоти ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.
↧
Бар асари ҳамла ба автобуси журналистон дар Бозиҳои олимпӣ ду нафар захмӣ шуданд
↧