Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

ВАО: Гурӯҳи ДИ масъулияти таркишро дар бемористони Покистон ба уҳда гирифт

Душанбе, 09.08.2016. / АМИТ «Ховар» /. Гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» масъулияти таркиш дар бемористони Покистонро ба уҳда гирифтааст. Дар ин бора нашрияи «India Today» иттилоъ медиҳад. Бахши минтақавии ДИ, ки дар ҳудуди Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш амал мекунад, оид ба  масъулияти худ нисбат ба таркиш изҳор намуд. Раҳбари он Ҳофиз Саид Хон, яке аз фармондеҳони собиқи ҷунбиши толибон дар Покистон мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ дар ин таркиш 93 нафар ба ҳалокат расида, 120 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи иттилои ТАСС таркиш дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Кветта (вилояти ҷанубу ғарбии Балуҷистон) ба вуқӯъ пайваст. Қариб ҳамаи қурбониёни амали террористӣ ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигороне мебошанд, ки дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона барои поси хотири президенти ассотсиатсияи адвокатҳои Балуҷистон Билол Анвар Казӣ, ки субҳи рӯзи душанбе кушта шуд, ҷамъ омада буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles