Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

ММТ : «Довталабон ба ихтисосҳои тиб ва ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд»

Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Наздики 44 ҳазор довталабон  имтиҳонро бомуваффақият супорида, аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон ба муассисаҳои таълимии кишвар тақсимот шуданд.
Ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ муовини якуми директори Маркази миллли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфаров таъкид намуда, зикр кард, ки ин теъдод 80% -и нақшаро ташкил медиҳад.
«Дар айни ҳол, дар муассисаҳои таълимӣ 10 ҳазору 954 ҷои холӣ боқӣ монд ва мо тасмим гирифтем, ки аз 19 то 22 август дар 7 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳони такрорӣ гузаронем»,- гуфт С. Ҷаъфаров ва илова намуд: «Имтиҳони такрорӣ барои нафароне, ки бинобар нарасидани холҳояшон аз озмуни тестӣ нагузаштаанд ва онҳое, ки номнавис шудаанду бо сабабҳои узрнок натавонистанд дар озмун иштирок намоянд, гузаронида мешавад».
Ба иттилои муовини якуми директори ММТ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тайи чанд соли охир довталабон ба ихтисосҳои тиб, ҳуқуқшиносӣ, дипломат, иқтисодиёт ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, ихтисосҳои техникиро камтар интихоб менамоянд.
Бояд зикр кард, ки соли равон бо мақсади шаффоф, дастрас ва озод баргузор намудани имтиҳонҳо дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 43 маркази имтиҳонӣ ташкил карда шуд.
Соли ҷорӣ шумораи умумии муассисаҳои таълимие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба роҳ монда шуд, 59 ададро ташкил дод. Ба ин шумора 33 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 26 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles