Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ба бинои нав мекӯчад

Хоруғ, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби бинои нави сеошёна мегарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев иттилоъ дод.
Тавре Мулкамон Назаралиев изҳор намуд: «Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷойгир буда, бинобар сабаби надоштани шароити кор, аз ҷумла кам будани утоқҳо ва надоштани маҷлисгоҳ мо наметавонистем фаъолиятамонро ба таври зарурӣ ба роҳ монем».
Ба иттилои масъулин, бинои нав аз се ошёна, 14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст. Барои сохтмони бино 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>