Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Ҳамкории Тоҷикистону Малайзия дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо Сарвазири Малайзия Дато Сри Муҳаммад Наҷиб ибни Тун Абдул Раззоқ мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин аз рушди гуногунҷабҳаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Малайзия изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти густариши ҳамкориро дар ҳама соҳаҳо таъкид карданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>