Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Соли 2015 даромади Хадамоти алоқа 2 млрд. 716 млн сомониро ташкил намуд

Душанбе, 05.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Даромади умумии корхонаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерон мувофиқи ҳисоботи пешакӣ дар соли 2015 ба маблағи 2 миллиарду 716 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 38 миллион сомонӣ ё ин ки 1,3 % фоиз зиёд аст». Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод Татяна Холмуродова, муовини сардори хадамот ироа кард.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1 миллиарду 535 млн. сомониро дар бар мегирад. Хизматрасонии алоқа ба шахсони имтиёздор аз тарафи Оператори миллии алоқаи барқӣ ба маблағи 909 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Trending Articles