Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

ВАО: дар Фаронса террористи ба калисо ҳамлакарда бо ҳамлаҳои нав таҳдид кард

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» як навори  видеоиро бо яке аз ҳамлагарони калисо дар Фаронса нашр кардааст, иттилоъ медиҳад «Reuters».
Бино ба гузориши манбаъ, навори мазкур пеш аз ҳамла сабт шудааст ва яке аз иҷрокунандагони ҳамлаи террористӣ Абдул Малик Набил Петижани 19-сола бевосита ба президенти Франсия Франсуа Олланд ва сарвазир Мануэл Валс муроҷиат намуда, онҳоро бо ҳамлаҳои нав таҳдид мекунад.
Reuters таъкид мекунад, ки айни ҳол дурустии ин видео тасдиқ нашудааст.
Пештар додситони Париж Франсуа Moленс гуфта буд, ки шахсияти яке аз террористон расман муайян карда  шуд, ки он Адел Кармиши 19-сола аст.
Баъдан шахсияти террористи дуюм низ муайян гардид, Абдул Малик Набил Петижани 19-сола низ чун Кармиш яке аз террористони эҳтимолии полиси Фаронса ба шумор мерафт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles