Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни ҳамлаи террористӣ, ки дар Сурия рух дод, ба 52 нафар расид. Дар ин бора агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.
Қаблан, «Известия» навишта буд, ки бар асари ҳамлаи террористӣ 44 нафар нобуд гардида, 177 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар шимолу шарқии шаҳри Камишлии Сурия субҳи 27 июл ду таркиш ба амал омад. Мошини бомбгузошташуда дар ғарби шаҳр — дар минтақаи таҳти назорати курдҳо таркид.
↧
Шумораи қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Камишлии Сурия ба 52 нафар расид
↧