Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28720

Дар Ереван ду нафар аз ишғолгарони идораи полис ба мақомот таслим шуданд

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ду узви гурӯҳи «Сасна срер», ки полки Хадамоти дидбонӣ-посбониро (ХДП) дар Ереван тасарруф карда буданд, ба мақомот таслим шуданд. Дар ин бора News.am бо истинод ба котиби матбуотии полиси Арманистон Ашот Агоронян иттилоъ медиҳад.
Номҳои таслимшудагон  Гагик Егиазарян ва Арам Акопян мебошад, таъкид кард намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар минтақаи тасарруфшудаи ХДП гулӯлаборон сурат гирифт, ки дар натиҷа як корманди полис ва ду аъзои «Сасна срер» — Павел Манукян ва писараш Арам ҷароҳат бардоштанд. Ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд, илова намуд Агоронян.
«Дар айни замон тирпаронӣ қатъ гардида, музокирот барои анҷоми раванди таҳвили аъзои гурӯҳи мусаллаҳ идома дорад», — зикр кард ӯ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28720

Trending Articles