Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Туркия санаи сафари Эрдуғонро ба Русия эълон кард

$
0
0

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини сарвазири Туркия Меҳмет Шимшек санаи сафари президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Русия эълон кард. Ба гуфтаи ӯ, роҳбари Туркия 9 август ба шаҳри Санкт-Петербург сафар хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Reuters.
Дар навбати худ, муовини сарвазири Русия Аркадий Дворкович хабар додааст, ки мулоқоти роҳбарони Русия ва Туркия барои нимаи аввали моҳи август ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад «РИА «Новости».
Муовинони Сарвазирони Русия ва Туркия рӯзи сешанбе дар шаҳри Маскав мулоқот карданд. Бино ба навиштаи  Reuters, ҷонибҳо барқароршавии муносибатҳои байни ду кишварро дар соҳаи тиҷорат ва иқтисодиёт, ки пас аз ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба бомбаандозии Су-24 Русия (дар моҳи декабри соли гузашта) бад шуд, баррасӣ намуданд. «Мо барои беҳбудии равобит дар сатҳи аз 24 ноябр ҳам баландтар гирд омадаем», — иқтибос меорад Агентӣ аз Шимшек.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>