Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар корхонаи «Araz» дар Озарбойҷон ду нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад «Интерфакс» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Озарбойҷон.
Фавтидагон Оқомир Мамедов ва Илҳом Нуриев кормандони ин корхона буданд, зикр мекунад вазорат.
Таркиш дар корхонаи «Araz»-и шаҳри Шервон рӯзи сешанбе, соати 15:35 бо вақти Боку ба амал омад. Дар натиҷа 24 нафар ҷароҳат бардоштанд, 14 кас баъд аз табобати амбулаторӣ ба хона фиристода шуданд.
Дар беморхона дар айни замон даҳ нафар бистарианд ва вазъи се нафари онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.
Дар вазорат сабаби ин ҳодисаро шӯълае аз партовҳои маҳсулоти ҳарбӣ, ки дар анбори махсус 146 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, номиданд.
↧
Дар корхонаи ҳарбии Озарбойҷон ду нафар қурбони таркиш шуданд
↧