Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 июл дар ҷараёни гулӯлаборони дусоата ва ҳуҷум ба паноҳгоҳи ҷангиён дар пойтахти Бангладеш — шаҳри Дакка полис нӯҳ ҷангии исломиро нобуд сохт. «Як ифротгарои дигар маҷрӯҳ шуда буд», — иттилоъ дод сардори пулиси Дакка Масъуд Аҳмад. Паноҳгоҳи ҷангиёнро полис баъд аз бомбандозии онҳо ба ҷониби нерӯҳои амниятӣ, ки дар шаҳр амалиёт мегузаронданд, иҳота кард. Минтақаро неруҳои махсус иҳота намуда, ҷангиёнро нобуд сохтанд.
Бино ба гуфтаи сардори пулиси шаҳри Дакка «либос ва шиорҳо собит мекунанд, ки онҳо аъзои як гурӯҳи низомии исломӣ ҳастанд» ва илова намуд, ки ҷангиён либоси сиёҳ ба бар дошта, «Аллоҳу акбар» гӯён фарёд мезаданд.
↧
Дар ҷараёни ҳуҷум дар Бангладеш полис нуҳ ҷангии исломиро нобуд сохт
↧