Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Дар Ҷопон қариб 3,8 ҳазор нафар бар асари офтобзанӣ бистарӣ шуданд

 Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷопон таи ҳафтаи гузашта наздики 3,8 ҳазор нафар бар асари гармо ба ёрии таъҷилӣ эҳтиёт доштанд, ду нафар аз онҳо, тибқи иттилооти Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар роҳ то беморхона ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилооти агентии Киодо аз 18 то 24 июл ёрии таъҷилӣ 3.798 нафарро ба беморхона бистарӣ кард, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 643 нафар зиёд аст.
Дар беморхонаҳо 58 бемор дар ҳолати вазнин бо ин ташхис табобат мегиранд, иттилоъ медиҳад агентии Киодо.
Ҳафтаи гузашта дар Ҷопон ҳавои нам ва гарм бо ҳарорати болотар аз 30 дараҷа боқӣ монд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28804

Trending Articles