Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Беш аз 200 ҳолати қонуншикании гумрукӣ дар ҷануби кишвар ошкор гардид

Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик  дар ҷануби кишвар дар ин давра  ошкор гардид.
Аз ин омор 206 адади он марбут ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва як ададашро ҳолати ҷиноӣ ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон парванаҳои ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи беш аз 235 ҳазор сомонӣ  ҷарима ситонида шудааст.
Аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда 154 адад нисбата шахсони воқеӣ ва 52 тои он ба шахсони ҳуқуқӣ марбут аст. Инчунин дар асоси ҳалномаҳои судӣ дар ин давра, беш аз 60 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира гардид. Як ҳолати  ҷиноии ошкоргардида марбут ба кӯшиши интиқоли ғайриқонунии  оҳанпора аз ҷониби соҳибкори  инфиродӣ ба Афғонистон мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>