Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Дар шаҳри Ваҳдат корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва қубурҳои пластикӣ ба истифода дода мешаванд

Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва қубурҳои пластикӣ ба истифода дода мешаванд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаҳо зиёда аз 1000 нафар сокинони шаҳр бо ҷойҳои нави корӣ таъмин хоҳанд гардид»,-зикр шуд дар нишасти матбуотии шаҳри Ваҳдат.
Ба иттилои роҳбарияти шаҳр, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни бузург Корхонаи металургияи рангаи ҶДММ «Покрут» бо иқтидори истеҳсолии 1400 тонна метали ранга дар як сол, коргоҳҳои истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ дар ҶДММ «Мегапласт» ва Корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ (бензин) ҶДММ «Тенг Лонг» ба истифода дода шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles