Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28612

Дар дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи аудити дохилӣ таъсис дода шуд

Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйирот дар нимсолаи аввали соли 2016 -33811,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои  соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт-2581,3 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ  12657,1 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат16558,5 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ  915, 0 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ 1100,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
«Бо мақсади назорати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, мақсаднок ва самаранок истифодабарии онҳо дар  муассисаву ташкилоти буҷетии низоми Вазорат дар  дастгоҳи марказии вазорат шуъбаи аудити дохилӣ таъсис гардида, дар тӯли нимсола фаъолияти аксари ташкилоту муассисаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод», — иттилоъ дод  Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз,   зимни нишасти матбуотӣ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28612

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>