Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 3-юми феврал зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 976 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.