Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Фаронса панҷ нафар гумонбар барои робита бо террористе, ки дар ҳамлаи террористии Нитса даст дорад, муттаҳам дониста мешаванд.
Бино ба иттилооти РБК се нафар зодагони Тунис барои ширкат дар куштори террористӣ ва вайрон кардани қонун дар бораи нигоҳ доштани силоҳ, ҳамчунин, тибқи тафтишот ду нафари дигар аз Албания барои таъмини террористон бо силоҳ айбдор карда мешаванд.
Ҳамагӣ бо парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Нитса ҳафт нафар, аз ҷумла собиқ зани террорист дастгир карда шуданд.
↧
Гумонбарони ҳамлаи террористии Нитса муттаҳам дониста мешаванд
↧