Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Подполковник Эркан Киврак мушовири Президенти Ҷумҳурии Туркия оид ба неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ба гумони иштирок дар кӯшиши табадуллот боздошт гардид.
Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба рӯзномаи Hurriyet иттилоъ медиҳад.
Боздошт рӯзи шанбе ба амал омада бошад ҳам, вале дар ин бора танҳо чанде қабл маълум шуд.
Бино ба маълумоти ин манбаъ, Киврак дар яке аз меҳмонхонаҳои музофоти Анталия, ки бо номи мустаор қарор дошт, боздошт гардид.
↧
Боз як мушовири низомии Эрдуғон барои иштирок дар табаддулоти низомӣ боздошт гардид
↧