Душанбе, 20.07.2016 / АМИТ «Ховар» /.Таркиши қубури газ субҳи рӯзи чоршанбе, дар минтақаи шаҳри Энши (музофоти Хубей, Чини Марказӣ) ба амал омад. Бино ба маълумоти портали иттилоотии «Сино», дар ин ҳодиса ду нафар нобуд гардида, се тан ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳоли ҳозир полис ва сӯхторхомӯшкунандагон дар ҷои садама ҳузур доранд. Мақомот ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд.
Тафсилоти дигари ин ҳодиса ошкор нашудааст.
↧
ВАО: Дар Чин таркиши қубури газ ба амал омад
↧