Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Арабистони Саудӣ атташеи низомии Туркия дар Кувайт, ки кӯшиши ба воситаи ин кишвар ба Аврупо парвоз карданро дошт, боздошт шуд, иттилоъ медиҳад РБК бо ишора ба шабакаи телевизионии Al Arabiya.
Бино ба маълумоти шабакаи телевизионӣ, атташеи низомии Туркия дар Кувайт Микаэл Эҳсоноғлу дар фурудгоҳи шаҳри Дамман, ки аз он ҷо кӯшиши парвоз ба Дюсселдорфро дошт, дастгир карда шуд.
Эҳсоноғлу бо дархости Ҳукумати Туркия боздошт шуд. Тахмин меравад, ки дипломат низомиёнеро, ки рӯзҳои истироҳат кӯшиши анҷоми табаддулот дар Туркияро доштанд, дастгирӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ SPA изҳороти шоҳ Салмонро, ки дар он ӯ расман Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғонро бо барқарор намудани субот табрик намудааст, чоп кард.
↧
Ҳукумати Арабистони Саудӣ атташеи низомии Туркияро боздошт кард
↧