Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Дар фурудгоҳи дуюми Истанбул 11 ошӯбгарро дастгир карданд

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар фурудгоҳи дуюми (аз ҷиҳати бузургӣ) Истанбул ба номи Сабиҳӣ Гекчен, полис 11 низомии гумонбар дар иштироки ошӯбро дастгир кард, иттилоъ медиҳад агентии Dogan.
Баъзеи  онҳо муқовимат нишон доданд, бинобар ин полис оташи огоҳӣ кушод. Баъд аз даргирии кӯтоҳе низомиён таслим шуданд ва касе зарар надид, иттилоъ медиҳад «Kommersant.ru».
Ҳамчунин, ҳафт нафари дигар дар пойгоҳи ҳавоии шаҳри Қуния, аз ҷумла як полковник дастгир карда шуданд, иттилоъ медиҳад Anadolu. Дар ин амалиёт 400 пулис ширкат варзиданд.
Хотиррасон месозем, ки шаби 16 июл дар Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом дода шуд. Бино ба изҳороти ҳукумати Туркия табаддулот шикаст хӯрд. Тибқи маълумоти охир, беш аз 290 нафар нобуд гардида, тақрибан 6 ҳазор нафар боздошт шудаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles