Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Муҳоҷирони меҳнатӣ баъди бозгашт ба Тоҷикистон бо нафақа таъмин хоҳанд шуд

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки  дар оянда муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  баъди бозгашт аз Русия ба ватан бо нафақаи меҳнатӣ  таъмин карда хоҳанд шуд.
Назокат  Одиназода, муовини якуми  директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   18 июл дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо дигар мақомоти марбутаи кишвар Созишнома таҳия карда шудааст. Санади мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия пешниҳод гардида, алҳол он мавриди баррасии мақомоти салоҳиятдори ин кишвар қарор дорад.
Дар сурати ба тасвиб расидани Созишномаи мазкур аз ҷониби Русия  ва дар асоси қонунгузориҳои ҳар ду кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, баъди бозгаштан ба Тоҷикистон бо нафақа таъмин карда мешаванд.
Назокат Одиназода таъкид кард, ки дар ин масъала бо мақомоти салоҳиятдори Русия чандин мулоқот баргузор гардидааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>