Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Тереза Мэй роҳбари Ҳизби консервативӣ интихоб гардид

$
0
0

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Британияи Кабир Тереза Мэй ба мансаби роҳбари Ҳизби консервативӣ тасдиқ гардид, ки ин ба ӯ имкон медиҳад, сарвазири ин кишвар интихоб шавад. Дар ин бора Ассошиэйтед Пресс бо истинод ба изҳороти Кумитаи ҳизби ҳукмрон хабар дод.
Чанде пеш сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон эълон дошт, ки рӯзи чоршанбе, 13-июл ба истеъфо меравад.
«Рӯзи 12-июл ман ҷаласаи охирони Шӯрои вазиронро мегузаронам ва рӯзи чоршанбе дар Палатаи намояндагон дар ҷаласаи саволҳо ба сарвазир баромад намуда, баъдан барои додани истеъфоям ба Қасри Букингем меравам», — гуфт Дэвид Кэмерон.
Маъракаи пешазинтихоботии ду номзад ба мансаби сарвазири Британияи Кабир пеш аз муҳлат анҷом ёфт. Муовини вазири энергетика Андреа Ледс номзадии худро гирифт ва ба ин васила пеши роҳи вазири корҳои дохилӣ Тереза Мэйро, ки аз аввал пешсаф ба шумор мерафт, кушод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>