Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29487

Баррасии таъмини дастрасии пурраи аҳолии Тоҷикистон ба хизматрасонии сатҳи баланди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар мулоқоти Давлаталӣ Саидов бо Катарина Хансен

$
0
0

Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сарбонкдори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба масъалаҳои инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ Катарина Хансен баргузор шуд.
Зимни вохўрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба таъмини дастрасии пурраи аҳолии Тоҷикистонро ба хизматрасонии сатҳи баланди хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ карда, доир ба тақвияти ҳамкории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо сохторҳои дахлдори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар самти бартарафсозии мушкилоти мавҷудаи корхона ва фаъолияти самарабахши ташкилоту муассисаҳои тобеи он мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолият ва ислоҳоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ба таҳкими ҳамкории соҳавӣ бо ташкилоту идораҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аҳамияти зарурӣ зоҳир менамояд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29487

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>